Бизнес авиатсия дар Ӯзбекистон

Бизнес авиатсия дар Ӯзбекистон

Бизнес авиатсия дар Ӯзбекистон, хизматрасонию афзалиятҳои авиаброкери аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL). Ҳавопаймои хусусиро ба ҳар кадом хатсайр чӣ тавр фавран бояд фармуд.

Бизнес авиатсия дар Ӯзбекистон тавассути ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) – авиаброкери пешрафтаи аврупоӣ, ки офиси худро дар Тошканд низ дорад, ифода ёфтааст. Ба туфайли фаъолияти «Кофранс САРЛ» шумо дар ҳар кадом вақт ҳавопаймои хусусиро фармоиш дода, ба ҳар хатсайри ба шумо зарур тариқи рейси бевосита ба дигар шаҳр ё мамлакат сафар карда метавонед.

Хизматрасониҳои бизнес авиатсия байни шахсони сарватманде, ки вақти хешро ва бароҳатиро қимат мешиносанд, талабот доранд. Соҳибкорони калон, сиёсатмадорони машҳур, ходимони шинохтаи ҷамъиятӣ, ситораҳои шоу-бизнес ва дигар шахсони маъруф имконият доранд, ки ҳавопайморо ба иҷора гиранд, мустақилона саёҳат кунанд ва аз эҳсоси озодии комил ҳаловат баранд.

Ҳавопаймои шахсиро чӣ тавр фармоиш хоҳад дод

 

Барои фармоиш додани ҳавопаймои хусусӣ ба берун ё дохили Ӯзбекистон ба шумо зарур нест, ки ба офиси мо ташриф оваред. Кифоя аст, ки дар сомона шаклро пур кунед ё фақат дархостро гузоред, пас менеҷери мо бо шумо алоқа мекунад, то ки ҳамаи нюансҳои парвози дар пеш истодаро муҳокима кунад.

Панҷ қадамҳои оддӣ

 

1. Дар ҳошияҳои марбута нуқтаҳои парвозу таъиншуда, санаҳои лозимӣ ва шумораи мусофиронро гузоред. Агар бо шумо ҳамроҳ кӯдакон ё ҳайвонот парвоз мекунанд ва, ҳамчунин, агар шумо кашондани миқдори калони борро ба нақша гирифтаед, инро нишон диҳед.

2. Менеҷер ба зудӣ дархости шуморо коркард менамояд ва тез як рӯйхати ҳавопаймоҳоеро, ки барои бо хатсайри зарурбудаатон сафар карданро омадаанд, мефиристад. Дар пешниҳод шумо нархҳои парвоз барои ҳарду тараф, синну солу навъи киштиҳои ҳавоӣ ва, ҳамчунин, ғунҷоиши онҳоро дида метавонед. Шумо метавонед якбора бо аксҳои ҳавопаймоҳо шинос шавед ва тасвирномаи онҳоро бихонед.

Читайте также:  {:ru}Авиакомпания "Узбекистон Хаво Йуллари" запустила тренажер Ил-114

3. Пас аз он, ки шумо ҳавопаймои конкретиро интихоб кунед, ҳамаи нюансҳоро мувофиқат кардан ва шартномаро бастан боқӣ мемонад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) як қатор хизматрасониҳои иловагиро ба шумо бо хурсандӣ пешниҳод менамояд: трансфер дар нуқтаҳои парвозу таъиншуда, хӯрок аз тарабхонаи дилписанд дар вақти парвоз, лавозимоти иловагӣ дар киштӣ, тартиб додани раводидҳою суғуртаи тиббӣ, агар шумо ба хориҷӣ саёҳат мекунед, бронкунии меҳмонхона, ҳамроҳии тиҷоратӣ, консерж-сервис ва бисёри дигар.

4. Бешубҳа, шартномаро бевосита тариқи интернет, бо истифодаи имзои электронӣ бастан мумкин аст. Албатта, мо аз дидори шумо дар офис, агар шахсан ба он ташриф оваред, хурсанд мешавем. Ғайр аз он, мо омода ҳастем, ки шартномаро ба шумо тавассути почтаи зудамал, хаткашон ё чархболи хусусӣ ирсол намоем – тариқаи ҳавасдоштаатонро интихоб кунед, вале нархи онро аз котиб дақиқ муайян карданро фаромӯш накунед.

5. Баъд аз бастани шартнома шумо метавонед ҷомадонро барои сафар оромона ҷамъ кунед, зеро дилпур ҳастед, ки дар соати зарурӣ ба хотири шумо таксӣ меояд ва дар фурудгоҳ шуморо ҷети боҳашамати сафедранг интизор шуда, ба нуқтаи таъиншуда дар вақти то ба як дақиқа аниқшуда бурда мерасонад.

Афзалиятҳои мо

– Ширкати аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL) дар бозори авиатсияи тиҷоратӣ аллакай даҳ сол фаъолият дорад. Саридораи мо дар Нисса ҷойгир шудааст, ғайр аз он мо офисҳоро дар Тошканд, Алмаато, Москва, Санкт-Петербург, Минск, Киев ва баъзе шаҳрҳои дигар дорем.

– Дастаи AVIAV TM (Cofrance SARL) интернатсионалӣ мебошад, бинобарин мо забонҳои бисёрро олиҷаноб аз худ кардем, минҷумла бо забони русӣ хуб ҳарф мезанем.

– Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) аъзои ассотсиатсияҳои тиҷоратии бонуфӯзи: EBAA (European Business Aviation Association), NBAA (National Business Aviation Association),  иштирокчии шабакаи пешсафи чартерии Avinode мебошад ва, ҳамчунин, ба дохили  ANACOFI – Ассотсиатсияи калонтарини иштирокчиёни профессионалии бозори Суғуртавӣ, Бонкӣ, Молиявӣ-инвеститсионӣ ва, ҳамчунин, бозори амволи ғайриманқул медарояд.

Читайте также:  {:ru}Бизнес-полеты{:}{:uz}Бизнес-парвозлар {:}

– Мо соҳиби муқофотҳои зиёди фахрӣ ва садҳо мизоҷони миннатдор дар тамоми ҷаҳон, минҷумла – дар Ӯзбекистон, мебошем.

– Байни ҳамкорони мо ҳам ширкатҳои ҳавопаймоии калон ва ҳам соҳибони инфиродии киштиҳои ҳавоӣ қарор доранд. Ғайр аз ин, мо ба базаи умумиҷаҳонии ҳавопаймоҳои шахсӣ рухсат дорем, бинобарин дар куҷое, ки шумо қарор надошта бошед, мо омодаем, то ҷетро ба ҳар кадом самт ба шумо пешниҳод намоем.

Самтҳои фаъолият

  1. Мо бо ташкили рейсҳои бевоситаи индивидуалӣ ба ҳар кадом гӯшаю канори ҷаҳон машғул мебошем. Ба куҷое, ки шумо парвоз карданро зарурият доред, шумо аз Ӯзбекистон ё дигар кишвар, тибқи хоҳишатон, новобаста аз кори ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сафар карда метавонед.
  2. Чархболҳо дар фаъолияти мо ҷои махсусро ишғол менамоянд, зеро дар Ӯзбекистон онҳо талаботи актуалиро доранд. Доир ба масъалаҳои иҷораи чархболҳо барои ҳар кадом мақсадҳо шумо метавонед ба мо ҳар кадом вақт муроҷиат кунед.
  3. Мо на танҳо бо иҷора, балки бо фурӯши киштиҳои ҳавоӣ низ машғул мебошем. Агар шумо хоҳиш дошта бошед, ки ҳавопаймо ё чархболи хусусиро харед намоед, бо менеҷери мо тамос кунед: дар ихтиёри мо ҳазорҳо навъҳо аз тамоми ҷаҳон қарор доранд.
  4. Ҳамчунин, мо омодаем, ки барои тюнинг, яъне бештаргардонӣ ва таҷдиди ҳавопаймои амалкунандаи шумо кӯмак расонем ва, ғайр аз он, сохтани ҷети хусусиро тибқи лоиҳаи индивидуалӣ «аз сифр» ташкил намоем.
  5. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) омода аст, ки ҳар намуд ҷашнро дар болои осмон барои шумо ташкил кунад: аз саёҳати мушоҳидавии ҷархболӣ сар карда то ба маросими никоҳ дар баландии даҳ ҳазор метр. Ба хизмати шумо банкету фуршетҳо ва, ҳамчунин, барномаҳои беназиртарини шавқовар пешниҳод карда мешаванд.
Читайте также:  {:ru}Авиакомпания Uzbekistan Airways вывела из парка все Ил-114-100

Тавассути чӣ мо парвоз мекунем

Дар базаи ширкати мо воқеъан ҳамаи ҳавопаймоҳои амалкунандаи шахсии ҷаҳон мавҷуданд. Ба хизматҳои шумо навъҳои истеҳсолкунандагони пешсаф Bombardier, Embraer, Sukhoi Superjet, Pilatus,  Fokker, Saab, Cessna,  Dassault Aviation, Gulfstream, Beechcraft ва бисёри дигар омодаанд.

Мо ба шумо ҳам ҳавопаймоҳои боқуввати реактивӣ ва «сустравакҳои» камхарҷи турбовинтӣ ва киштиҳои ҳавоии зудҳаракати авиатсияи сабукро бо хурсандӣ тавсия медиҳем. Дар ихтиёри мо ҳавопаймоҳои масофаи парвозаашон наздик, миёна ва дароз қарор доранд. Дар вуҷуди зарурият мо омодаем, ки барои шумо рейси ҳар кадом мураккабиро, ҳатто ба канори дигари сайёра, ташкил кунем.

 

Ба кадом мақсад мо саъю кӯшиш мекунем

Мақсади асосии мо – пешбинӣ ва иҷрои ҳамаи хоҳишҳои мизоҷон, ки ба фармоиши ҳавопаймои хусусӣ ва худи парвоз тааллуқ доранд. Мо инро кафолат медиҳем:

– муносибати эҳтиёткоронаи индвидуалӣ,

– маҳфияти комил,

– риояи ҳамаи меъёрҳои қонунгузории авиатсионӣ,

– таваҷҷӯҳи баланд нисбати масълаҳои бехатарии парвозҳо ва эътимоднокии киштиҳои ҳавоӣ,

– сервиси дараҷаи люкс ва пешниҳоди ҳар кадом хизматрасониҳои иловагӣ.

Сомонаи қулайе, ки замимаҳои ба ҳамаи дастгоҳҳои муосири мобилӣ дастрасбударо дорад, фармоиш доданро дар ҳар кадом вақту ҳар кадом ҷой имконият медиҳад. Менеҷерон доимо дар тамос ҳастанд ва ҳавопаймоҳою чархболҳо бо таври шабонарӯзӣ барои парвоз омодаанд.

Бизнес авиатсия ҳалу фасл гардонидани харгуна вазифаҳое, ки бо тиҷорат, фаъолияти маъмурӣ, сиёсӣ, эҷодӣ, илмӣ ва дигар вобаста мебошанд, кӯмак мерасонад. Мо омодаем, ки ҳавопаймоҳои шахсиро дар Ӯзбекистон бо шартҳои фоидатарин, фавран ва мутобиқи мақсадҳои гузошташуда пешниҳод кунем. Бо AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳамкорӣ карда, шумо ба муваффақиятҳои бузурги нав сазовор мегардед!

Александр Санин