Бисёр шахсони сарватманд харидани ҳавопаймои хусусиро хоҳиш пайдо мекунанд. Ба баъзеҳо чунин азм мисли орзу боқӣ мемонад, вале дигарон ҳаракатҳои ҷиддиро оғоз мекунанд. Ҳар кас мақсадҳои гуногунро дорад. Баъзан киштии ҳавоӣ ба соҳибкорон ҷиҳати фавран ҳалу фасл намудани вазифаҳои мураккаб имконият медиҳад. Вақте, ки зарурияти ба дигар шаҳрҳо ё мамлакатҳо тез рафтан ё ба он ҷо борҳоро интиқол додан ба миён меояд, ҳавопаймои хусусӣ – шарики ивазнашавандае ҳаст, ки нигоҳдории пурарзиши худро пурра товон мегардонаду талофӣ медиҳад.
Касе киштии ҳавопаймоиро барои истифодабарии шахсии хеш харид мекунад. Иҷораи ҳавопаймои хусусӣ хеле қимат аст, бинобарин маблағгузории мазкур, бо шарти таъмини ҷараёни доимии мизоҷон, фоидаовар шуда метавонад. Албатта, баргардонидани маблағи «таксии ҳавоӣ» кори дарозмуддат аст: зеро он хизматрасонии доимии техникиро талаб мекунад, ки ин низ хеле гарон аст. Новобаста аз он, бисёриҳо ба роҳи мазкур қадам мезананд, махсусан бо назардошти вуҷуди чунин шарики боэътимод мисли авиаброкери пешсафи аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL), ки ҷиҳати ба иҷора супоридани ҳавопаймои хусусӣ кӯмак мерасонад.
Билохир, дар ҷаҳон чунин ҳаводорони осмону парвоз мавҷуданд, ки киштии ҳавоиро ба сифати «бозичаи» дилписанд ба хотири хушнудии хеш мехаранд. Онҳо кӯшиш намекунанд, ки маблағро ба даст оваранд, танҳо аз парвоз ва эҳсоси озодию мустақилии кулл ҳаловат мебаранд. Чунин ҳавопаймоҳои хусусӣ ҳам барои саёҳатҳои оилавӣ, ҳам барои сафарҳои корӣ ва чорабиниҳои хурсандибахш истифода бурда мешаванд: зеро дар ҳаво зодрӯзро қайд кардан ё шабнишини корпоративиро гузаронидан мумкин аст.
Қадам бо қадам «аз ибтидо то интиҳо» амалӣ гардонидани созиш
Кадом мақсад дошта набошед ҳам, харидани ҳавопаймои хусусӣ ба дараҷа осон мегардад агар шумо ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат намоед. Албатта, проседураи харид мураккабу даррозмуддат мебошад. Он чанд давраҳоро дарбар мегирад, ки зимни ҳар яктояш мутахассисоне дар соҳаи хеш зарурбуда ҷалб карда мешаванд. Хусусияти кори AVIAV TM (Cofrance SARL) аз он иборат аст, ки ширкат ҷиҳати гузаронидани созиш бо таври «аз ибтидо то интиҳо» кӯмак мерасонад ва мизоҷ оиди қадамҳои навбатиаш ягон ташвиш намекашад.
Ҳар як давраи алоҳида тахти назорат гирифта мешавад ва шарикони боэътимоди ҳарсоҳавӣ барои иҷрои амалҳоеро, ки ҳамон лаҳза заруранд, мадад мекунанд. Ҷараён, албатта, аз интихоби навъи киштии ҳавоӣ ва ҳисобҳои мушахасси арзишу хизматрасониҳои он оғоз мегирад. Имкониятҳои молиявии мизоҷ, тарзҳои созиш, хароҷотҳои истифодабарӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд. Пас муоинаи худи ҳавопаймо ва санҷиши техникиаш гузаронида мешаванд, баъдан проседураи тартибдиҳии ҳамаи ҳуҷҷатҳо амалӣ карда мешавад.
Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳатто пас аз кирои экипаж мизоҷро ба танҳоӣ намемонад, ҳавопайморо ба кишвару шаҳри соҳибмулк бурда мерасонад, ба ӯ ширкати хизматрасонӣ ва истгоҳро дар ангор ё аэроклуб пайдо мекунад. Ширкат омода аст, ки доир ба ҳар кадом масъалае, ки ба киштии ҳавоии мизоҷ тааллуқ дорад, ва, албатта, дар вуҷуди хоҳиши соҳиби нав барои супоридани ҳавопаймо ба иҷора, ба ӯ мадад расонад.
Нархи ҳавопаймои хусусӣ чӣ тавр ҳисоб карда мешавад
Менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) аллакай зимни муроҷиати нахустин ба ширкат нархи ҳавопаймои хусусиро пешакӣ ҳисоб карда метавонад. Он аз навъи интихобшуда, ҳолати техникӣ ва комплектасия вобаста мебошад. Авиаброкери «Кофранс САРЛ» базаи бузурги киштиҳои ҳавоиро аз ҳамаи истеҳсолкунандагони ҷаҳонӣ дар ихтиёраш дорад ва бинобарин, ҳатто нисбати навъи камёфту эксклюзивӣ, барои баррасии дархост омода аст. Агар шумо худ дақиқ намедонед, ки кадом тариқа ба шумо муносибтар аст, маслиҳатҳои мутахассисони салоҳиятдоре, ки аллакай дар давраҳои ибтидоии ҳамкорӣ ҷалб карда мешаванд, кӯмак мерасонанд.
Зимни муроҷиати нахустин ба AVIAV TM (Cofrance SARL) донистан зарур аст, ки барои кадом мақсад ба шумо ҳавопаймои хусусӣ зарур аст. Нарх вобаста ба чанд омилҳо ташаккул меёбад, аммо аввалан навъро интихоб бояд кард. Фикр кунед, ки оё шумо ба масофати наздик, миёна ё дур, дар кадом ҳайат ва зудӣ парвоз мекунед. Оё шумо кашондани борҳоро ба нақша гирифтаед, оё хоҳишҳои махсусро доред? Вобаста аз шартҳои муқарраршуда, барои интихоби шумо тариқаҳои гуногун пешниҳод карда мешаванд.
Зимни азназаргузаронӣ ба чӣ таваҷҷӯҳ бояд дод
Агар шумо хоҳед, ки ҷузъҳои алоҳидаи ҳавопаймои хусусиро мустақилона аз назар гузаронед, нишеман – ин ҳадафи таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаи шумост, албатта, бо шарти он, ки шумо идораи киштии ҳавоиро худ ба нақша гирифта набошед. Новобаста аз он, ки дар наздикӣ шумо соҳиби киштӣ мегардед, эҳтимолан статуси мусофириро тағӣир намекунед ва, бинобарин, нишеман – ин ҷое, ки дар он шумо якҷоя бо наздикону ҳамкоронатон парвоз мекунед, маҳз аз ин сабаб нишеман мавриди таҳлили ҷиддиатон бояд қарор гирифта бошад. Имкониятҳои техникии киштии ҳавоиро мутахассисони салоҳиятдору мустақил санҷиш мекунанд, ки дар баробари ин, бо диққат бо таърихи парвозиаш шинос мешаванд ва ҳуҷҷати муфассалро бо тасвири ҳамаи нюансҳои техникии «парандачаатон» омода месозанд.
Вазифаи шумо дарк кардан – оё дар канор бароҳат аст, оё он ба мақсадҳои шумо мувофиқ аст, ороишаш ба шумо маъқул аст ё не. Ба шумо маҳз ин курсиҳои қулай ва кати чармин заруранд? Ё мизи мудаввар дар миён ё ҷевони калон лозиманд? Душхона ба шумо маъқул аст, тавассути экрани мазкур шумо филмро бо бароҳатӣ тамошо карда метавонед?? Шумо ба куҷое саросема нестед: ҳар як тафсилотро баҳогузорӣ намоед ва баъдан хулоса кунед.
Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар ҳар як давраи харидани ҳавопаймо шуморо дастгирӣ мекунад. Мо аллакай ба чандин ҳаводорони авиатсия кӯмак кардем, вале медонем: ҳар як мизоҷи нав моро беҳтар мегардонад ва таҷрибаи шавқовари фаромӯшнашавандаро мебахшад. Мо доимо барои беҳтаршавӣ ҷидду ҷаҳд мекунем. Маҳз аз ин лиҳоз, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки шумо худро бароҳату дилпурона эҳсос кунед. Харидани ҳавопаймо – ин вазифаи осон нест, вале дар ҳамкорӣ бо AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷараёни мазкур дилгиркунанда намешавад ва ба ягон ташвиш намедарорад. Ба мо муроҷиат кунед ва осмонро ба осонӣ мафтун гардонед!