Рейсҳои хусусӣ: таҳлили парвозҳо

Касе рад намекунад, ки парвозҳои хусусӣ назар ба рейсҳои одатии мунтазамӣ хеле бароҳатанд. Фармоиши ҳавопаймо танҳо чанд дақиқаро талаб мекунад, асосаш – бо тезӣ интихоби дурустро кардан лозим, ки барои ин ба мизоҷ кормандони AVIAV TM (Cofrance SARL) кӯмак мерасонанд. Хуҷҷатгузорӣ тавассути почтаи электронӣ амалӣ карда мешавад. Дар вуҷуди хоҳиш, аллакай пас аз чанд соат таъҷилан парвоз кардан мумкин. Ягон дермонӣ дар фурудгоҳ мавҷуд нест: тамоми расмиятҳо ва азназаргузаронӣ муддати сонияҳои башумор гузаронида мешаванд. Пас: марҳабо ба киштӣ! Ва шумо аз баландшавии босуръат, аҳли наздикону ҳамкорон ва шароити бароҳати нишемани киштӣ ҳаловат мебаред.

Баъд шумо қатъиян дар вақти муқарраргардида ба нуқтаи таъиншуда ҳозир мешавед, муддати чанд дақиқаҳо фурудгоҳро тарк мекунед ва ба автомобили боҳашамат савор шуда, ба ҷои хоҳишнамудаатон сафар мекунед. Шумо ба нуқтаи таъиншуда дар ҳолати бардаму боқувват расида, ба амал татбиқ намудани нақшаҳои бузургаатонро оғоз мекунед. Амалан, чунин мешавад, агар шумо бо ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳамкорӣ кунед. Парвоз тавассути ҳавопаймои хусусӣ аз авиаброкери пешсафи аврупоӣ на танҳо рӯҳияи мусбӣ, балки хотираҳои шавқоварро ба шумо мебахшад.

 

Нархи парвозҳои хусусӣ аз чӣ вобастагӣ дорад

Частные рейсы: разбор полетов

Ва ҳамааш олиҷаноб мешуд, агар нархҳои баланд ба назар намерасиданд. Албатта, хушнудиро пардохт кард лозим. Вале, баъзеҳо нархи парвози шахсиро фаҳмида, хушнудиашонро ба қурбонӣ мебахшанд. Истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии киштиҳои ҳавоӣ хеле гаронанд. Маҳз аз ин лиҳоз, фаҳмидан даркор, ки маблағи пардохтнамудаатон – ин «пулкоркунии осони» соҳибони ҳавопаймоҳо не, балки, пеш аз ҳама, кафолати бехатарии шумост. Афзалиятҳои рейсҳои индивидуалӣ аёнанд. Маҳз аз ин сабаб, соҳибкорони калон ва шахсони дигари давлатманди ихтисосу категорияҳояшон гуногун, фикр накарда, онҳоро авлотар меҳисобанд. «Таксии» ҳавоии хусусӣ бо статуси баланд ва нуфӯзи мусофиронаш ассотсиатсия карда мешавад.

Нархи парвозҳои шахсӣ аз дарозии саёҳат, шумораи мусофирон ва хизматрасониҳои иловагӣ дар канор вобастагӣ дорад. Ғайр аз он, донистан муҳим аст, ки таваққуф дар фурудгоҳ чӣ қадар давом медиҳад. Агар киштии ҳавопаймоӣ худи ҳамон замон бандарро тарк кунад, ин як ҳолат аст, ва агар муддати ду ҳафта мусофиронро интизор шавад, то ки рейси бозгаштро иҷро намояд, тамоман ҳолати дигар ба миён меояд. Баъзан ба мизоҷ таваққуф лозим аст, вале, албатта, дар болои ҳаво не, зеро, мутаассифона хизматрасониҳои авиатсия то ба он сатҳ нарасидааст, ки мусофир аз сарнишин чунин пурсида метавонист: «Биёед барои ду соат ба Венетсия бифароем, чандин вақт дар он ҷо набудам». Сухан дар бораи фурудоии нақшавӣ байни нуқтаҳои парвозу таъиншуда меравад. Чунин хатсайр, албатта, пешакӣ тартиб дода мешавад ва нархаш ба дараҷае зиёд мегардад.

 

Мисолҳои парвозҳои шахсӣ

Зимнан, чунин ҳолатҳо дер-дер ба вуҷуд меоянд, бинобарин биёед парвозҳои хусусии стандартиро баррасӣ кунем. Нархи парвози кӯтоҳ, масъалан дар хатсайри Палермо – Флоренсия, ки якуним соат давом мекунад, на кам аз 10 ҳазор евро шуда метавонад. Масъалан ҳавопаймои олиҷаноби King Air 200 барои нӯҳ мусофир арзиши 7 950 евро дорад. Дар ҷамъ, кам аз як ҳазор евро барои як кас зарур мегардад! Инро бешубҳа бо нархи парвоз дар дараҷаи бизнеси рейси одатӣ баробар кардан мумкин. Аммо, дар ин ҷо як омил низ ба назар мерасад, ҳавопаймо каме кӯҳансол аст – соли бароришаш 2003. Агар шумо киштии навтарро хоҳиш кунед, нарх низ зиёдтар мешавад: худи ҳамон навъи ҳавопаймо соли бароришаш 2007 аллакай нархи 11 250 евроро дорад.

Частные рейсы: разбор полетов

Мисоли назар ба ҳолати якум дарозтарро баррасӣ мекунем. Масалан ба шумо рейси хусусии Ростов – Дубай лозим аст. Чунин парвоз 7 – 9 соатро, албатта, ба ду тараф (нарх ва вақт одатан аз рӯи стандарт ба таври дутарафа нишон дода мешаванд) талаб мекунад. Нархи парвоз тавасссути Citation CJ2+-и бароҳати соли бароришаш 2008 барои шаш нафар 40 600 евроро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, барои як мусофир парвоз тахминан 6 800 евро арзиш дорад. Citation XLS+-и ултрамуосир дар хатсайри мазкур барои ҳашт мусофир 57 000 евро арзиш дошта, як нафар 7 125 евроро пардохт мекунад.

Агар шумо зарурият доред, ки аз ду ҳолатҳои аввалин боз ҳам дур парвоз кунед, мисоли хоси зеринро нишон медиҳем: рейси Москва — Бангкок. Барои парвози дутарафа тавассути ҳавопаймои ба дараҷае боэътимоду вале кӯҳнаи Hawker 1000, соли бароришаш 1996, 102 000 евроро барои нӯҳ мусофир пардохт кардан зарур мешавад. Ҳамин тавр, нархи як мусофир каме зиёд аз 11 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Агар шумо ҳавопаймои навро авлотар шуморед, Challenger 605 солаш 2011-ро интихоб кунед. Нархи 10 мусофирон тахминан 122 ҳазор евроро ташкил медиҳад, яъне як мизоҷ 12 200 евроро пардохт мекунад.

 

AVIAV TM (Cofrance SARL) —  шарики боэътимодтарини шумо

Авиаброкери AVIAV TM (Cofrance SARL) имконият дорад, ки доир ба пешниҳоди таҳфиф бо соҳибмулки киштии ҳавоӣ маслиҳат кунад, ва ширкат инро бо ҳавас, вале бо натиҷаҳои гуногун, доимо мекунад. Ба нархи нишондодашуда, боҷи иловагӣ барои: сӯзишворӣ, андоз ва ғ., ки на зиёда аз 5%-ро ташкил медиҳад, одатан ворид намешавад.

Частные рейсы: разбор полетов

Нархи дақиқи парвозро тариқи ҳавопаймои хусусӣ, ба менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) бевосита – тавассути телефон ё Интернет, муроҷиат карда, муайян кардан мумкин. Оператор маълумотро аниқ карда ба шумо пешниҳодҳои амалкунандаеро, ки аз онҳо беҳтарину маҳз ба шумо муносиббударо интихоб карда метавонед, пешкаш мекунад. Номбар кардани ҳамаи хоҳишҳоятонро, масъалан доир ба хӯрок дар канори кишти, зарурияти трансфер, раводид, меҳмонхона ё маскани хусусӣ дар ҷои таъиншуда, фаромӯш накунед – ҳамаи инро кормандони ширкат бо хурсандӣ бар зиммаи худ мегиранд, зеро мо мефаҳмем, ки барои мизоҷонамон сарфаи вақт хеле муҳим аст.

Барои касе истифодабарии ҳавопаймо – ҳашамати барзиёди нораво, барои дигарон – таҷрибаи нахустин ва ба аксарияти соҳибкорон – таҷрибаи доимӣ мебошад. Дар ҳар ҳол, барои амалии баиҷорагирӣ шарики боэътимоду нуфӯздор зарур мебошад. Ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат намоед ва бо бароҳатӣ парвоз кунед!

AVIAV