Ҳавопаймои хусусӣ — тарзи ҳали беҳтарини тиҷорат

Бизнес ҷет – ин ҳавопаймое, ки барои шумораи ками сайёҳон ва масофаи миёнаи парвоз пешбинӣ карда шудаст. Номи худро аз он сарчашма мегирад, ки аввалан танҳо дар соҳаи тиҷорат истифода бурда мешуд. Вале, имрӯз тавассути рейсҳои хусусӣ на фақат соҳибкорон парвоз мекунанд ва мақсадҳои парвозҳо инчунин хусусӣ буда, ба кор ягон вобастагӣ надошта метавонанд.

Ин он маъное дорад, ки агар шумо ба хотири моҳи асал ба Порис, барои зоиш ба Нисса ё ташрифи бибии маҳбуб ба Сюрих сафар карданиед, бизнес ҷетро низ фармоиш дода метавонед. Муттассифона, дар чунин ҳолатҳо он чун ҷети тӯйӣ ё ҷети хешовандӣ  ё ҷети модарҷон номида намешавад, ва новобаста аз он, ки шумо онро чӣ тавр номгузорӣ мекунед, худи ҳавопаймо статуси «тиҷорати»-и хешро нигоҳ медорад.

Ва ин беҳуда нест: зеро мошинаи нисбатан хурди «қанотдор» ба шумо имкониятҳои воқеъии бемаҳдудро мебахшад. Агар аз ин шумо шубҳа баред, бизнес ҷетҳои муосирро фақат аз назар гузаронед. Аксҳо ба шумо кӯмак мерасонанд, ки бифаҳмед: ҳатто дар нишемани хурдтарини киштӣ ҳар чизеро, минҷумла, ҳуҷраи бароҳат, утоқи корӣ, палатаи тиббӣ, зиёфати дабдаба ё толори мусиқиро бунёд кардан мумкин.

 

Бизнес ҷетро барои мақсадҳои хеш интихоб намоед

Асосаш – муайян кунед, ба шумо чӣ зарур аст ва пас якбора ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) занг занед. Рояли сафедро дар кишти мехоҳед? Ё қабули ванна дар баландии 10 ҳазор метр? Ё оромии ҷиддиро барои фикри ҳали масаълаҳо ё пайдо кардани илҳом мӯҳтоҷ мебошед? Ташвиш накашед: дар ширкат ҳамаи мақсадҳои шуморо мефаҳманд ва ҳатто барои морбоз киштии ҳавопаймоиро пайдо мекунанд, ки дар он террариумҳои инноватсионии алоҳида пешбинӣ карда мешаванд.

Частный самолет  — идеальное решение для бизнеса

Агар шумо мақсадҳои стандартӣ, яъне тиҷоратиро дошта бошед, иҷораи бизнес ҷет дар наздикӣ барои шумо ба таҷрибаи доимӣ табдил меёбад. Касе, ки тавассути ҳавопаймоҳои хусусӣ парвоз кардаст, одатан, ба рейсҳои мунтазами ҷадвалдор баргашта наметавонад, зеро афзалиятҳои аввалинҳо аёнанд.

Бо сабаби он, ки сол ба сол шумораи зиёди мизоҷон аз хизматрасониҳои авиатсияи хусусӣ истифода мебаранд, рейсҳои индивидуалӣ арзон шуданд. Албатта, онҳо оммавӣ ҳоло дастрас нестанд, вале, имрӯз соҳибкорони бисёр аллакай танҳо бизнес ҷетҳоро интихоб мекунанд. Нархҳои парвоз назаррас баланданд, вале, хушбахтона онҳо тенденсияи баландшавиро надошта, баръакс – коҳиш ёфта истодаанд. Чунинро дар бораи даромадҳои шахсони корчалони муосир гуфтан мумкин нест, зеро онҳо доимо зиёд шуда истодаанд.

 

Шумо хоҳиши харидани ҳавопайморо доред?

Албатта, ба сатҳи муайян сазовор шуда, соҳибкор мефаҳмад, ки иҷораи ҳавопаймо барои ӯ муносиб нест ва харидани бизнес ҷет бештар аст. Киштии ҳавопаймоии хусусӣ – маблағгузории бомувафаққият аст, зеро ҷиҳати ҳали садҳо масъалаҳои муҳим мусоидат мекунад ва, ғайр аз ин, дар сурати супоридани фоидаоварнок ба иҷора, даромадро ба даст меоварад.

Агар шумо харидани ҳавопаймои хешро, ҳатто хурду барои масофати наздик пешбинишуда фикр дошта бошед, ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед. Мо ҷиҳати интихоби навъи ба шумо муносиб, масъалан киштии ултра-муосири дараҷаи тиҷоратии Dassault Falcon 7X ё Gulfstream — G 650 ER-и бадошт ё Hawker 900XP-и зудравро, кӯмак хоҳем кард.

Частный самолет  — идеальное решение для бизнеса

Нархи бизнес ҷет аз навъи интихобшуда, комплектатсияи он ва, албатта, ҳолати киштии ҳавоӣ вобастагӣ дорад. Авиаброкери боэътимоди аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL) аллакай муддати зиёда аз ҳафт сол хизматрасониҳои ҳуқуқи ва ҳамроҳикунандаро мерасонад, ки ба хариду – фурӯши  киштиҳои ҳавопаймоӣ дахл доранд. Ширкат аъзои чунин ассотсиатсияҳои тиҷоратии авиатсионии бонуфӯз ба мисли EBAA (European Business Aviation Association), NBAA (National Business Aviation Association) ва, ғайр аз ин – иштирокчии шабакаи пешсафи чартерии Avinode мебошад. Муддати солҳои фаъолияти хеш ширкат худро ҷиддан аз тарафи мусбӣ нишон дода, соҳиби обрӯю эътибори калон, боварию миннатдории мизоҷон гаштааст.

Агар шумо доир ба харидани ҳавопаймои хусусӣ манфиатдор бошед, ба авиаброкери санҷидашудаи AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед. Ҳуқуқшиносони ширкат дар ҳар як давра ин созиши мураккабро ҳамроҳӣ менамоянд ва, ғайр аз ин, мутахассисон бисёр масъалаҳои муҳимро: санҷиши техникӣ ва хизматрасонии киштӣ, тартиб додани суғурта, кирои экипаж, таҳвил ба кишвари соҳибмулки нав, истгоҳ дар ангор, ба иҷора супоридан ва ғ. аз номи шумо ҳалу фасл мегардонад. Шумо маҷбур намешавед, ки профессионалҳои соҳаҳои зикршударо ҷустуҷӯ кунед: ҳамаи инро аз ҷониби шумо мекунанд, зеро ширкат шарикони зиёди боэътимоду таҷрибадорро дорад.

Доир ба ҳар масъалаҳое, ки бо иҷора ё харидани киштии ҳавопаймоӣ вобастагӣ дорад, ба AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед. Маслиҳатҳои мутахассисони салоҳиятдор ба куллӣ ройгон мебошанд: онҳо ҷиҳати қабули қарори дуруст ва амалӣ гаштани орзуҳои дерин ба шумо бо хурсандӣ кӯмак мерасонанд.

AVIAV