Авиатсияи тиббӣ дар Ӯзбекистон нисбатан ба қарибӣ тавлид шуда, ҳоло на он қадар хуб тараққӣ ёфтааст. Авиаброкери пешсафи авропуии AVIAV TM (Cofrance SARL) дар самти мазкур хизматрасониҳои хешро пешниҳод мекунад. Агар шумо зарурият дошта бошед, ки шахси беморро ба дигар мамлакат бибаред, ширкати мо бо тезӣ киштии ҳавоии шакли лозимиро пешниҳод намудаа, парвози барои мариз бехатарро ба ҳар гӯшаю канори ҷаҳон таъмин менамояд.
Мо чӣ гуна кор мекунем
Ҳолатҳои гуногун ба вуҷуд меоянд. Агар ба шумо таҳвили таъҷилии бемори вазнин зарур шавад, ҳатто як сонияро ҳам аз даст додан мумкин нест. Бо менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) тариқи телефон ё интернет ба тамос бароед ва ҳолати хешро тасвир намоед, ба шумо якбора ҷавоб медиҳанд, ки дар чунин ҳолат авиатсияи тиббӣ кӯмак расонда метавонад. Парвоз аллакай ду – се соат пас аз фармоиш имконпазир мегардад ва ҳуҷҷатгузории он дар як лаҳза ба амал мерасад. Муддати ин вақт шумо беморро тайёр карда, ба фурудгоҳ бурда расонида метавонед.Агар ба шумо автомошинаи махсус аз хонаатон зарур шавад, AVIAV TM (Cofrance SARL) инро низ ташкил мекунад. Барои бастани шартнома шахси ҳуқуқиро доштан лозим нест ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо тавассути Интернет ба тартиб дароварда мешаванд.
Дар ҳар ҳолат ба мариз ҳавопаймои тиббӣ пешниҳод карда мешавад. Ин киштии ҳавоие мебошад, ки махсусан барои таҳвили беморони вазнин ҷиҳозонида шудаст. Чунин мешавад, ки ба бемор ҳатто ҷунбиданро иҷозат дода намешавад. Дар кишти тамоми лавозимотҳо барои ҳолатҳои вазнинтарин ҳам вуҷуд доранд. Ғайр аз ин, мусофирро ҳатман духтури реаниматолог ва, баъзан, дастаи пурраи тиббӣ, ҳамроҳӣ мекунанд. Киштӣ ҳамаи лавозимотҳоро барои эмин нигоҳ доштани ҳаёти бемор ва парвози бароҳату бехатар дар канораш дорад.
Чӣ қадар барвақт шумо ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед, ин қадар бештар аст. Ширкат парвозро хеле фавран ташкил карда метавонад, вале занги пешакӣ барои пайдо намудани киштиҳои аз ҳама арзон мусоидат мекунад. Аз ягон кас пӯшида нест, ки хизматрасонии авиатсияи шахсӣ хеле гарон аст. Аммо, аз ҳаёт чизе қиматтар нест ва ба хотири он бо ҳар роҳ мубориза бурдан лозим!
Чархболи санитарӣ
Чунин ҳолат ба вуҷуд меояд, ки беморро аз ягон ҷои душворфатҳ гирифтан зарур аст. Авиатсияи тиббӣ омода аст, ки чархболи махсусро пешниҳод кунад. Киштии ҳавоӣ беморро ба фурудгоҳи калон ё ба шаҳри дигар бурданро кӯмак мерасонад.
Бисёри вақт чархбол – ин воситаи ягона барои наҷотдиҳӣ зимни офатҳои табии дар минтақаҳои дурдаст ба ҳисоб меравад. Киштии ҳавоӣ метавонад ҷабрдидагонро гирифта, ба шаҳри наздиктарин ё беморхона бо тезӣ бурда расонад. Мутаассифона, на танҳо шахсони инфиродӣ ва, ҳатто, давлат на ҳама вақт чунин хизматрасониҳоро пардохт карда метавонад. Воқеъан, истифодабарӣ ва нигаҳдории дастгоҳҳои парвозкунанда маблағи зиёдро талаб мекунанд: касе онҳоро ба таври ройгон пешниҳод карда наметавонад. Агар шумо ҷиҳати мададкунӣ нисбати шахсоне ба душворӣ мубталошуда ҳатто ночизтарин имконияте дошта бошед ҳам, маблағро дареғ надоштан ва ҷиҳати наҷот додани ҳаёташон кӯшиш ба харҷ додан бештар аст.
Дигар ҳолатҳои заруршавии чархбол
Бисёр вақтҳо киштии ҳавоии тиббӣ, назар ба таҳвили таъҷилии бемору ҷабрдида, дар ҳолатҳои на он қадар ҷиддӣ фармоиш медиҳанд. Масъалан, парвози зани ҳомиладори мӯҳлаташ калон ё модари тифлаки навзоддор, маъюб ё ҳамту шахси кӯҳансоли дорои касалии вазнин зарур мешавад. Ба чунин мусофирон, таъминоти реаниматсионӣ дар киштӣ барои имконияти оғози ҷарроҳӣ дар ҳаво, лозим нест. Вале, вуҷуди лавозимотҳои махсус зиёдатӣ намекунад.
Ғайр аз ин, дар бисёр ҳолатҳо ҳамроҳии духтур ё ҳамшираи тибб лозим мешавад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) омода аст, ки на танҳо рейси қулайи тиббиро ташкил кунад, балки ҳар кадом мутахассисро ба киштӣ даъват намояд. Киштӣ метавонад махсус ҷиҳозонида шуда, одатӣ – бо бароҳатии баландгардида ва шароитҳои хусусии зарурӣ бошад.
Дар ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) нисбати ҳар як мизоҷ муносибати индивидуалӣ таъмин карда мешавад, бинобарин дар вуҷуди муроҷиати пешакӣ мо дар Ӯзбекистон ба шумо ҳавопаймои тиббии муносибтаринро пешниҳод мекунем. Хушбахтона, авиатсияи муосир хеле пеш рафтааст ва ба ҳар гӯшаю канори ҷаҳон парвозро муддати кӯтоҳ ташкил кардан мумкин. Кадом хоҳишҳоро шумо надошта бошед ҳам, онҳоро ҳатман ба назар мегиранд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мусофир дар дохили киштӣ худро оромона ва дилпурона эҳсос кунад.