Арзиши ҳавопаймо аз нарх ва хароҷотҳо барои хизматрасонӣ ва истифодабарии он вобаста мебошад. Коршиносони AVIAV ТМ (Cofrance SARL) масъалаи мазкурро шарҳ медиҳанд.
Агар шумо барои харидани ҳавопаймои шахсӣ фикр дошта бошед, бешубҳа масъалаи нарх барои шумо аҳамияти аввалиндараҷаро дорад. Дар маколаи мазкур мо дар бораи он, ки барои харидани ҷети хусусӣ ва истифодабарии бомуваффақияти он чанд маблағ зарур мебошад, нақл мекунем.
Киштиҳои ҳавоӣ аз автомобилҳо чунин фарқиятро доранд, ки тавассути онҳо ба даст овардани фоида нисбатан мушкил аст, зеро нигаҳдориашон хеле гарон мебошад. Агар шумо ба сифати ронандаи таксӣ кор мекунед, муддати як сол аллакай арзиши автомашинаро бармегардонед. Вале агар шумо ҳавопайморо ба иҷора месупоред, вақтҳои аввал танҳо ҷиҳати истифодабарии киштӣ хароҷот карда метавонеду халос.
Бояд дар назар дошта бошед, ки нигаҳдории ҳавопаймо дар болои замин нисбат ба осмон хеле зиёдтар мебошад. Яъне киштии ҳавоиро танҳо бо он шарт харидан даркор, ки доимо парвоз кунад. Ба онҳое, ки истифодабарии ҷетро дар як ҳафта аз ду-се маротиба кам ба нақша мегиранд, харидани он ҳоло ғайримақсаднок мебошад – бештар аст киштии ҳавоиро ба иҷора гиранд, зеро дар ин ҷода ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) доимо кӯмак расонда метавонад.
Албатта, авиаброкери пешсафи аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL) ба шумо дар он ҳолат низ бо хушнудӣ мусоидат мекунад, агар харидани ҳавопаймои шахсиро хулоса кунед. Мо дар ҳар давраҳо ва пайдарпайона созишро «аз ибтидо то интиҳо» ба амал мерасонем. Дар салоҳияти мо ҳам хизматрасониҳои гуногуни консалтингӣ ва ҳам бевосита тартибдиҳии ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди экспертони зарурӣ ва ҳалли масъалаҳо доир ба нигаҳдории киштии ҳавоӣ қарор доранд.
Буҷаро нақшагузорӣ мекунем
Биёед акнун нархи ҳавопайморо баррасӣ намоем. Сеяки буҷаатонро якбора барои хараҷотҳои истифодабарӣ, андозҳо ва ғ., бо назардошти муддати як-ду сол сарф шудани онҳо, пасандоз кунед. Амалӣ гардонидани созиш, бо пардохти боҷи гуногуни давлатӣ, метавонад то 10% нархи киштии ҳавоии шумо арзиш дошта бошад. Муфассал аз мутахассиси AVIAV TM (Cofrance SARL) доимо дақиқ карда метавонед.
Вобаста ба нархи худи киштии ҳавоӣ, ба арзиши он навъ, шакл, соли барориш, комплектасия ва баъзе омилҳои дигар аз ҳама зиёд таъсир расонда метавонанд.
Ҳавопаймоҳои авиатсияи хурд
Аз ҳама арзон ҳавопаймоҳои авиатсияи хурд мебошанд. Онҳоро бо нархи аз сад ҳазор доллар кам харидан мумкин ва хароҷотҳо доир ба нигаҳдории киштиҳои ҳавоии мазкур низ минималӣ мебошанд. Чунин ҳавопайморо дар гаражи хусусӣ нигоҳ дошта, ба фурудгоҳ тавассути ядак кашондан мумкин аст. Он аз хатҳои хокии парвозу фурудоӣ парвоз намуда, то ба ҳазор километр масофаро аз худ карда метавонад. Шумораи мусофирон – на зиёда аз чор нафар ва бисёр навъҳо ҳатто дукасаанд, яъне барои сарнишин ва як мусофир пешбинӣ шудаанд. Вале, агар ба шумо рейсҳои чартерӣ ба масофаи наздик зарур бошанд, ин тариқаи оптималӣ аст, ки назар ба ҳамаи дигар хеле камхарҷ мебошад. Дар базаи AVIAV TM (Cofrance SARL) шумораи бузурги навъҳои авиатсияи сабук мавҷуданд, ки онро мо бо хурсандӣ барои шумо пешниҳод менамоем.
Ҳавопаймоҳои миёнамагистралӣ
Дар авиатсияи тиҷоратӣ ҳавопаймоҳои реактивии миёнамагистралӣ чун дорои талаботи аз ҳама зиёд ба ҳисоб мераванд. Онҳо метавонанд ба масофаи то ба 5000 километр, баъзан ҳатто зиёдтар ҳам, парвоз кунанд ва, вобаста аз навъ, аз 5 то ба 50 мусофиронро кашонанд.
Нархҳои чунин ҳавопаймоҳо аз даҳ миллион доллар сар мешаванд, аз ин маблағ камтар танҳо киштиҳои ҳавоии турбовинтии истифодашудаеро, ки нисбатан камхарҷ, вале сустҳаракат мебошанд, харидан мумкин. Аммо, дар категорияи мазкур, навъҳои нав нархи тахминан 20 миллион долларро доранд. Масъалан, Cessna Citation Longitude-и машҳур бо муҳаррикҳои турбовинтии Honeywell HTF7700L на кам аз ин маблағ арзиш дорад. Дар баробари ин, суръати он ҳатто 500 километр дар як соат набуда, ба канораш на зиёда аз 12 мусофирро қабул карда метавонад.

Нархҳои ҳавопаймоҳои нави хурди реактивии миёнамагистралӣ тахминан аз 30 миллион доллар оғоз меёбанд. Масъалан, Dassault Falcon 900-и номдор бо се муҳаррик ба 30–35 миллион доллар мефарояд. Ин ҳавопаймои олиҷаноби реактивӣ ба осонӣ бо суръати 900 км/с парвоз карда метавонад. Дар канораш бо бароҳатӣ то 19 мусофирон парвоз мекунанд. Ҷет бо камхарҷии худ машҳур мебошад, зеро назар ба ба аналогҳояш то ба 40% кам сӯзишвориро сарф мекунад.
Киштиҳои дарозмагистралии ҳавоӣ
Агар шумо харидани ҳавопаймои дарозмагистралиро ба нақша гирифтаед, омода бошед, ки нархи он на кам аз 50 миллион доллар мебошад. Маҳз чунин арзишро, масъалан, Gulfstream G550-и достонӣ дорад, ки бо суръати қариб 1000 км/с то ба 19 мусофиронро кашонда метавонад.

Киштии ҳавоии истифодашуда, яъне на кам аз 10-15 сол мавриди истифодабарӣ қарордошта, албатта, арзонтар мешавад. Дар сурати харидани он зиёда аз даҳ миллион доллар сарфа кардан мумкин. Вале дар назар бояд дошт, ки ба чунин ҳавопаймоҳо нигаҳубини зиёдтар лозим аст, ҳатто агар онҳо дар ҳолати аъло қарор дошта бошад ҳам, нигаҳдориашон гаронтар мебошад. Ва ҳар таъмири ҷет – ин доимо хароҷотҳои бузурге мебошанд, ки аз ҳисоби худ амалӣ карда мешаванд.
Агар шумо харидани киштии ҳавоии калонро дар нақша доршта бошед, даҳҳо миллион доллар барои шумо нокифоя мешаванд, зиёда аз сад миллион зарур мегардад. Масъалан, намояндаи хоси ин дараҷа Boeing 767 ба шумо ба нархи 120 миллион мефарояд. Фаромӯш накунед, ки ба маблағи мазкур боз чил миллион доллар барои хизматрасонии киштӣ, ки эҳтимолан аллакай муддати соли аввал сарф мегардад, бояд илова карда шавад.
Дар ҳама мисолҳои дар боло овардашуда мо нархи тахминиро нишон додем. Муфассал бо нархҳо метавонед дар сомонаи AVIAV TM (Cofrance SARL) шинос шавед ё онҳоро аз менеҷер зимни сӯҳбати шахсӣ аниқ кунед.
Албаттта, бисёр чизҳо аз комплектасияи нишемани киштӣ ва хоҳишҳои шахсии шумо вобастаанд. Масъалан, ҳарзамон ҳавопаймоҳои барои 20 мусофирон пешбинишуда чунин тарз комплектасия карда шуданд, ки аслан на зиёда аз 4 нафарро кашонда метавонанд, вале дар канорашон хобхона, утоқи корӣ, ваннахона ва таомпазхона ҷойгир шудаанд. Шумо бояд интихоб кунед, мо танҳо гуфта метавонем, ки ягон чиз ғайриимкон нест ва рангорангии навъҳои ҳавопаймоҳои шахсии муосир ба ҳайрат медарорад.
Доир ба ҳар кадом масъалае, ки бо харидани ҳавопаймои шахсӣ вобаста мебошад, ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед. Мутахассисони авиатсионии мо бо хурсанди ба шумо маслиҳат медиҳанд ва дар бораи ҳамаи шартҳои ҳамкорӣ нақл мекунанд. Бо мо шумо ба мақсадҳои хеш муяссар мегардед ва қуллаҳои навро ғолиб мешавед.