Нархи ҳавопаймои хусусӣ чӣ гуна аст?

Ҳавопаймои шахсӣ – бонуфӯз, зудамал ва хеле бароҳат аст. Аз саёҳат дар ҳамроҳии рафиқон ё ҳамкорон, бо ҳаловатбарӣ аз хизматрасонии дараҷаи люкс, озодӣ ва дилпурии комил оиди саривақт ба нуқтаи таъиншуда рафта расидан, чизе бештар нест. Вале, ба ҳама маълум аст, ки иҷораи ҳавопаймои шахсӣ – хушнудии хеле гарон аст, ки онро танҳо шахсони аз ҳама сарватманд ба худ раво дида метавонанд. Дар ин ҷода ягон илоҷе нест: истифодабарӣ ва хизматрасониҳои ҷетҳо хеле пурарзиш мебошанд, бинобарин даромадҳои асосӣ на ба кисаи соҳибмулк, балки ба хароҷотҳои ҳамроҳӣ равона мегарданд. Биёед баррасӣ кунем, ки шумо махсус барои чӣ маблағро пардохт менамоед?

Хароҷотҳо чӣ гуна тақсим карда мешаванд

Тахминан 30% барои сӯзишворӣ меравад ва, тахминан, 20%-ро мусофиркаш барои пардохти истгоҳ дар фурудгоҳ сарф мекунад. Ин хароҷотҳои аз ҳама калон мебошанд. Агар шумо нақша доред, ки бо «ист» дар нуқтаи мобайнӣ саёҳат кунед, масъалан зимни сафар ба рафиқи деринаатон ташриф оварданиед, омода бошед, ки нарх назаррас зиёд мегардад. Боз 2% барои хизматрасонии аэронавигатсионӣ зимни парвоз сарф карда мешавад.

Музди маоши экипаж тахминан 15% маблағи умумиро дарбар мегирад, воситаҳои боқимонда бо миқдорҳои баробар барои хӯроки дохили киштӣ, хизматрасонии техникию таъминкунии ҳавопаймо пеш аз парвоз, дигар хароҷотҳои истифодабарӣ, хизматрасониҳои иловагии фармоишдодаи шумо ва муқофоти ночизи рамзӣ ба авиаброкер сарф хоҳанд шуд. Ҳамин тавр, фаҳмидан осон аст, ки нарх доимо бо таври индивидуалӣ ҳисобида мешавад. Вале, он аз чӣ вобастагӣ дорад?

Нархи парвоз аз чӣ вобастагӣ дорад

Аҳамияти асосиро дарозию мураккабии хатсайр доранд. Аз ин интихоби навъи ҳавопаймо вобаста мебошад. Парвоз ба масофаи дароз аз ҷиҳати сӯзишворӣ аз ҳама бисёрхарҷ буда, бинобарин, аз ҳама гарон мегардад.

Парвози миёнамасофаро тариқи ҳавопаймои камхарҷи турбовинтӣ иҷро кардан мумкин, ки ин назаррас арзонтар мефарояд. Вале, чунин киштӣ сустар парвоз мекунад ва, ғайр аз ин, аксарияти навъҳои мазкур баландовозанд.

Агар хоҳиш дошта бошед, ки байни континентҳо бидуни фуродоии байнӣ парвоз кунед, ба шумо ҷети пурқуввати реактивӣ, масъалан, яке аз навъҳои Gulfstream ё Dassault Falcon зарур мешавад, вале чунин тариқа аз ҳама гарон мебошад.

Барои хатсайрҳои наздик ҳавопаймоҳои авиатсияи сабук истифода бурда мешаванд, иҷораи онҳо аз ҳама арзон аст, вале онҳо танҳо ба масофаи хурд парвоз мекунанд, бинобарин талаботи зиёдро надоранд. Боз ҳам арзонтар чархболҳо мефароянд, вале онҳо низ танҳо масофаи наздикро аз худ карда метавонанд. Лекин, афзалияти онҳо аз он иборат аст, ки барои фаромадани чархбол фурудгоҳ ва хати парвозу фурудоӣ зарур нестанд, танҳо вуҷуди як майдончаи хурд кофӣ мебошад.

Инак, аз ҳама зиёд ба нархи парвоз дарозии масофа ва навъи интихобшудаи ҳавопаймо таъсир мерасонанд. Албатта, дар ин ҷода шумораи мусофирон низ нақши худро мебозад. Масъалан, ҷетҳои хусусӣ вуҷуданд, ки барои 5-7 мусофир пешбинӣ карда шуданд, вале киштиҳое, ки барои кашондани 20 ё ҳатто 50 нафар муқаррар гардидаанд, низ ҷой доранд. Новобаста аз он, ки онҳо ба масофаи якхела парвоз мекунанд, нарх ба ҳар ҳол фарқ мекунад: мусофирон зиёдтаранд – ҳавопаймои боқувваттар – нархи баландтар.

Читайте также:  {:ru}Дополнительные услуги по заказу частных самолетов в Узбекистане{:}{:uz}Ўзбекистонда хусусий самолётга буюртма беришда қўшимча хизматлар{:}

Чӣ тавре, ки дар боло қайд гардида буд, қарордории зиёдатӣ дар фурудгоҳи иловагӣ якбора нархро назаррас баланд мегардонад, агар ин ҷо дар бораи рейси бо бурофурои пешакӣ мувофиқаткардашуда ва баҳри сарфакорӣ интихобгардида, сухан намеравад. Ин ҳолат дар сурати осонтар будани пешниҳоди ду ҳавопаймои миёнамасофат ба ҷои як киштии дарозмагистралӣ ба вуҷуд меояд. Ё ин ки худи мизоҷ мақсади сарфакориро дорад ва интихоби маҳз чунин тариқаро хоҳиш мекунад. Ҳамаи нюансҳои мазкур ҳоло дар давраи гуфтушуниди ибтидоӣ мувофиқат карда мешаванд, бинобарин дилпур бошед, ки ягон воқеъаҳои номатлуб шуморо интизор нестанд.

Нархи соатҳои парвоз

Бинобари ҳамаи гуфтаҳои боло шумо метавонед мустақилона нархи парвозро пешакӣ ҳисоб кунед. Барои ин донистани масофаи парвози ҳавопайморо зарур аст.

Як соати парвози киштии сабук нархи 1,5–3 ҳазор долларро дорад. Он на зиёда аз 5 нафар ва танҳо ба масофаи наздик, масъалан то 1000 километр, мусофиронро мекашонад.

Агар ба шумо рейси дарозтар зарур шавад, ки одатан чунин ҳам аст, ба шумо ҳавопаймои миёнамагистралӣ лозим мегардад. Вобаста аз навъу шакли ҳавопаймо он 2-5 ҳазор долларро барои як соати парвоз нарх дорад. Ҳавопаймоҳои мазкур то ба 20 мусофир кашонда, ба масофати то ба 5000 километр парвоз карда метавонад.

Агар ба шумо зарур аст бо ҳайати калон парвоз кунед, дар ин сурат ҳатто барои масофати миёна шумо 5-8 ҳазор долларро барои як соати парвоз пардохт мекунед. Чунин ҳолат ба ҷетҳои хурди дарозмагистралие, ки қобилияти парвоз карданро байни континентҳо доранд, низ тааллуқ дорад. Онҳо метавонанд то ба 20 мусофир қабул кунанд.

Киштиҳои ҳавопаймоии калон, ки ҳамчунин аз болои уқёнус парвоз карда метавонанд, аз 7-8 ҳазор доллар барои як соати парвоз мефароянд. Онҳо метавонанд зиёда аз сад мусофир қабул кунанд. Тахминан, чунин нарх барои ҳавопаймоҳои калони боркашон низ ба назар мерасад.

Бор ба нархи рейс чӣ гуна таъсир мерасонад

Зимнан, бор ба нархи рейси шумо низ таъсир карда метавонад. Масъалан, шумо ба нақша гирифтаед, ки ҳавопаймои панҷкасаро барои ду нафар киро кунед. Дар ин сурат, шумо метавонед фақат он миқдори боре, ки ниҳоятан барои панҷ мусофир муқаррар карда шудааст, на зиёда аз ин, бо худ гиред. Барои дар нишемани киштӣ гузоштани бо 80 килограмми бори иловагӣ баривази мусофирони ҳузурнадошта умед кардан лозим нест. Барои бағоч танҳо бахши махсус пешбинӣ карда шудаст, ва дар нишеман бурдани ҷомадонро касе иҷозат намедиҳад, зеро ин нисбати меъёрҳои бехатарӣ мухолифат мекунад.

Читайте также:  {:ru}В аэропорту Бухары введен в эксплуатацию новый терминал

Ҳамин тавр, агар шумо миқдори зиёдтарини бағочро бурдан мехоҳед, ба шумо зарур аст ҳавопаймои боқувваттарину кушодатаринро киро намоед, ки мутаносибан гаронтар мефарояд. Ҳамаи нюансҳои мазкур ҳоло дар давраи гуфтушунидҳои ибтидоӣ бо менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) бояд баррасӣ карда шаванд. Албатта, агар шумо бо худ гирифтани меъёрҳои стандартии бағоч барои як нафар нақша доред, шумо аз чизе хавотир намешавед: ба нарх ин таъсир намерасонад.

 

Рейсҳои Empty Legs

Ҳатто шахсони бойтарину бобарор кӯшиш доранд, ки дар вуҷуди имконияти реалӣ, зимни парвозҳои шахсӣ сарфакорӣ кунанд. Биёед ҳамаи нюансҳоро баррасӣ кунем.

Пеш аз ҳама, агар шумо шахси толеъдор бошед, ба рейси системаи Empty Legs фаромада метавонед. Ин ба шумо имконияти парвоз карданро тавассути ҳавопаймои шахсӣ бо нархи дараҷаи одатии тиҷоратӣ ё аз ин ҳам арзон имконият медиҳад. Чунин рейсҳо дар сурати парвози бараълои холии ҳавопаймо тариқи хатсайри муайян пайдо мегарданд. Масъалан, ҷетро танҳо ба як тараф фармоиш доданд ва фармоиши навбатиаш аз нуқтаи дигар пешбинӣ карда шудааст. Рейси мобайнӣ банд карда нашудаст, вале хароҷотҳои истифодабариаш мисли ҳамавақт зиёданд.  Соҳиби киштии ҳавоӣ хурсанд мешавад, ки ақаллан як қисми онҳоро подош кунад ва ба ин хотир ба киштӣ «ҳамроҳонро» мегирад, ки онҳо, дар навбати худ, бо хушнудию ҳавас тариқи ҷети шахсӣ, қариб ки «ройгон» парвоз мекунанд.

Рейсҳои Empty Legs дар тамоми ҷаҳон хеле зиёд иҷро карда мешаванд. Ҳамаи инҳо дар сомонаи ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) мавҷуданд, ва санаҳо баъзан як моҳ пеш нишон дода мешаванд. Шумо метавонед оиди вуҷуди ҳавопаймои зарурӣ дар хатсайратон аз оператор пурсон шавед ё онро мустақилона дарёфт кунед ва таъҷилан тавассути менеҷери мо фармоиш диҳед! Дар баробари ин, дилпур бошед, ки мисли мусофирони олиқадр бо шароити бароҳату боҳашамат ва сервиси дараҷаи люкс парвоз мекунед.

Чӣ тавр боз сарфвакорӣ кардан мумкин

Агар дар хатсайри заруриатон рейсҳои Empty Legs-ро шумо дарёфт накардаед, ин он маъное дорад, ки дар навбати дигар чунин ба шумо муяссар мегардад, вале зимни парвозҳои одатии шахсии гарон низ сарфакорӣ кардан мумкин аст.

Пеш аз ҳама, чӣ тавре қайд гардида буд, шумо метавонед ҳавопаймои турбовинтиро баривази реактивӣ интихоб кунед, он доимо арзонтар мебошад. Ғайр аз он, агар шумо тавассути навъи нисбатан кӯҳнасол парвоз кунед, баъзан – то ба як чанд ҳазорҳо доллар, боз сарфа мекунед.

Читайте также:  {:ru}Leonardo Helicopters приобретет 100% акций швейцарской компании Kopter

Баъзеҳо ақида мекунанд, ки тавасссути ҳавопаймоҳои кӯҳансол парвоз кардан хатарнок аст, вале ин дуруст нест. Сарнишинони таҷрибадор мегӯянд, ки масъала на аз синну сол, балки аз комплектатсияи киштӣ вобастагӣ дорад. Аз лиҳози он, ки ҳавопаймоҳои хусусӣ пеш аз ҳама ҷиҳати кашондани соҳибонашон пешбинӣ шудаанд, аз болои онҳо нигаҳдории ҷиддӣ ба назар мерасад, ягон таҷҳизотҳои ғайриэътимод дар ин ҷо истифода бурда шуда наметавонанд.

Дар замони мо ҳар кадом узви ҳавопаймо, ҳатто муҳаррикаашро, ба осонӣ иваз кардан мумкин, ки инро соҳибони киштиҳои хусусии ҳавоӣ истифода мебаранд, ва ҳавопаймоҳои хешро ниҳоятан бароҳату бехатар мегардонанд. Бинобарин, киштии ҳавоии нисбатан «кӯҳансол»-ро фармоиш дода, аз чизе хавотир нашавед: он аз ҳавопаймое, ки дар наздикӣ сохта шудааст, зиёд боэътимод мебошад.

Ғайр аз ин, шумо аз хизматрасониҳои иловагӣ даст кашида, доимо сарфакорӣ карда метавонед. Масъалан, фармоиш додани хӯроки нисфирӯзӣ аз тарабхонаи дилписанд, нӯшокиҳои коллексионӣ ё масҳ, ё аз менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) талаб кардани дарёфти ҳатмии ҳавопаймои дорои джакузи ва кинотеатр лозим нест. Ҳар кадом сервис ва хоҳишҳо ҳамавақт пулро талаб мекунанд, вале муддати се-чор соати парвозро бидуни изофакорӣ гузаронидан мумкин, ҳол он, ки лавозимоти зарурӣ, одатан, ҳатто дар навъҳои буҷавии ҳавопаймоҳо вуҷуд доранд.

Аммо, дар ҳар сурат танҳо шумо қарор мекунед. Агар шумо хоҳиш доред, ки ҳавопайморо бо толори консертӣ ё ҳавзи шиноварӣ фармоиш диҳед, мо албатта, чунин тариқаро ба шумо дарёфт мекунем, вале асосаш ин, ки барои чунин боҳашаматӣ шумо маблағро бояд дареғ надоред.

Ҳисоби пешакии нарх

Дар сомонаи AVIAV TM (Cofrance SARL) калкулятор мавҷудаст, ки ҳисобкунии пешакии нархи парвозро имконият медиҳад. Вале, бояд ба назар гирифта шавад, ки ин рақамҳои дақиқ нестанд. Ҷиҳати якбора фаҳмидани рақамҳои нисбатан аслие, ки метавон ҳам ба тарафи афзоиш ва ҳам ба тарафи коҳиш фарқ кунанд, бо менеҷер тамос кардан бештар аст. Ин ҷиддан шуморо вазифадор намекунад, ки пас аз ин ҳатман фармоиш диҳед, вале шумо дар бораи хароҷотҳои дарпешистода тассавуроти объективиро пайдо мекунед ва ҳамчунин дар бораи ҳамаи нюансҳои марбута пурсон шуда метавонед.

Тавассути ҳавопаймоҳои хусусӣ парвоз карданро на ҳама ба худ раво мебинанд. Ва боиси қаноатмандӣ аст, ки маҳз шумо ба шахсони камшумори хушбахту бобарор тааллуқ доред. Ҷиҳати бароҳату шавқовар гузарондани парвози хеш, бо авиаброкери боэътимоди аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳамкорӣ хоҳед кард. Мо ҳамаи хоҳишҳои шуморо иҷро намуда, маҳфияти комили рейсҳоро кафолат медиҳем. Авиатсияи тиҷоратӣ дар Ӯзбекистон – дар ҳар кадом вақт ва танҳо барои шумо!

AVIAV