Ҳавопаймои хусусиро дар Ӯзбекистон чӣ тавр харидан мумкин

Ҳавопаймои хусусиро дар Ӯзбекистон чӣ тавр харидан мумкин

Харидани ҳавопаймои хусусӣ дар Ӯзбекистон дар авиабазаи ТМ AVIAV (Cofrance SARL). Дастуруламали муфассал. Пеш аз хулоса кардани харидани ҳавопаймо, ба чӣ таваҷҷӯҳ бояд дод?

Агар шумо харидани ҳавопаймои хусусиро дар Ӯзбекистон ба нақша гирифта бошед, аз авиаброкери авропуии AVIAV TM (Cofrance SARL) ёрдамчии бештарро дарёфт карда наметавонед. Мо созишро давра ба давра, аз интихоби киштии ҳавоӣ сар карда, то ба хизматрасониҳо доир ба нигаҳдорӣ ва истифодабарии он, ба амал мерасонем. Дастгирии ҳуқуқшиносони таҷрибадор ва экспертони авиатсионӣ дар ҳар як давра ба шумо зарур мешаванд ва бо мо шумо дилпур мегардед, ки ягон майда-чуйда аз хотир берун нахоҳад монд.

 

Харидани ҳавопаймои шахсӣ – ҷараёни дарозмуддати душвор аст. Биёед онро ба таври муфассал баррасӣ кунем.

 

Омодашавӣ

Ҷараёни андешанамоӣ, ҳисобкунӣ ва интихоби киштии ҳавопаймоӣ метавонад бемӯҳлат давом диҳад. Дар ин давра дастгирии экспертони мустақили авиатсионие, ки ҷиҳати объетивона баҳогузорӣ кардани ҳамаи хароҷотҳои дар пеш истода ва пешниҳод кардани навъҳои дақиқе ба мақсадҳою хоҳишҳои мизоҷ муносиббуда кӯмак расонида метавонанд, зарур мебошад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) пешниҳод кардани чунин коршиносонро, ки тарафи манфиатдор нестанд ва хизматрасониҳои консалтингиро дар самти мазкур мерасонанд, омода мебошад.

 

Аз шумо чӣ зарур аст

Ба мизоҷ зарур нест, ки навъҳои ҳавопаймоҳоро бифаҳмад, сарнишин ва таърихшиноси бизнес авиатсия бошад. Вале, ӯ мақсадҳои харид ва буҷаро бояд саҳеҳона дарк кунад. Ҳамчунин, бештар аст, ки аз нақшаи маблағгузорӣ дарақ дошта бошад.

 

Буҷа

Якбора дар бораи буҷа сухан мекунем. Истифодабарии киштиҳои ҳавопаймоӣ хеле гарон аст, вале аз ин ҳам қиматтар нигаҳдории он дар замин ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, агар шумо парвозҳои тез-тезро тариқи ҳавопаймо дар нақша надошта бошед, харидани он ғайримақсаднок дониста мешавад: бештар аст, ки бизнес ҷетро ба иҷора гиред.

 

Аввалан ба шумо зарур аст, ки сеяки буҷаро барои нигаҳдории ҳавопаймо пасандоз намоед, зимни он бояд дарк кунед, ки ин маблағҳо муддати кӯтоҳ сарф карда мешаванд. Масъалан, агар буҷаи шумо 30 миллион долларро ташкил кунад, дар назар доштани навъҳои дорои арзиши зиёда аз 20 миллион доллар тадбири бемантиқ мебошад.

Читайте также:  {:ru}Деловая авиация в Узбекистане{:}{:uz}Ўзбекистонда бизнес-авиация{:}{:it}Aviazione d'affari in Uzbekistan{:}{:tj}Бизнес авиатсия дар Ӯзбекистон{:}

 

Мақсадҳо

Баъдан ба шумо зарур мегардад, ки мақсадҳои хешро таҳлил намоед. Ба интихоби навъ аз ҳама зиёд ҷуғрофи парвозҳо таъсир мекунад. Масъалан, шумо дар нақша доред, ки мунтазам ба Аврупо, Русия парвоз кунед ва баъзан ба ягон ҷои дурдаст, ба ҷазираҳои экзотикӣ сафар намоед. Барои ин ба шумо ҷети миёна кифоя мебошад.

 

Агар шумо дар як моҳ чанд маротиба аз болои уқёнус саёҳат карданро дар назар надоред, ҳавопаймои дарозмагистралиро харидан лозим нест. Барои чунин парвозҳои яккарата истифодаи киштии ҳавопаймоии ба иҷора гирифт шударо бештар аст. Гап дар он аст, ки хароҷотҳо барои нигаҳдории ҳавопаймои нисбатан боқувват хеле зиёд мегарданд ва ба хотири шумораи ночизи рейсҳо дар як сол чунин маблағгузорӣ кардан ғайримақсаднок аст.

 

Нақшаи маблағгузорӣ

Ҳамчунин, дар давраҳои ибтидоӣ зарур аст, ки нақшаи маблағгузорӣ муайян карда шавад.

Шумо ҳавопайморо ба танҳоӣ хариданро нақша доред ё киштӣ чанд соҳибро хоҳад дошт? Соҳибмулки киштӣ шахси инфородӣ ё ташкилот мешаванд? Шумо қарз мегиред ё якбора ҳамаи маблағро пардохт мекунед? Ҷавоби ин саволҳоро шумо муддатҳо пеш аз оғози ҷараёни интихоби навъи конкретӣ бояд дошта бошед.

 

Шумо метавонед барои маслиҳат ба мутахассисони мустақили молиявии  AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед, то ки ба шумо дар бораи ҳамаи нақшаҳои вуҷуддоштаи пардохт ва тарзхои соҳибии киштии ҳавопаймоӣ нақл кунанд ва тариқаи беҳтаринро барои шумо мавриди таҳлил қарор диҳанд.

Мамлакати бақайдгирӣ

Интихоби ҷои бақайдгирии ҳавопайморо низ пешакӣ кардан зарур аст. Он аз ҷуғрофи дарпешистодаи парвозҳо вобаста мебошад, масъалан агар шумо саёҳати мунтазамро ба Аврупо дар нақша доред, бақайдгирии ҷетро на дар Ӯзбекистон, балки дар яке аз давлатҳои аврупоӣ мақсаднок мешавад. Агар шумо истифодабарии ҳавопайморо дар ҳудуди ИМА пешбинӣ карда бошед, киштӣ дар он ҷо бояд ба қайд гирифта шавад. Барои ҳамаи нюансҳоро фаҳмидан ҳуқуқшиноси ботаҷрибаи ширкати мо кӯмак мерасонад.

Читайте также:  {:ru}Частный самолет{:}{:uz}Хусусий самолет{:}

 

Ҳавопаймоӣ истифодашуда ё нав

Билохир зарур аст, ки пешакӣ муайян карда шавад, ки шумо киштии ҳавопаймоии истифодашуда ё навро мехарид, ё ин ки хусусиро бунёд мекунед. Ҳавопаймои нави навъи заруриатон метавонад дар фурӯш қарор надошта бошад, дар ин сурат ба шумо зарур мешавад, ки онро ба коргоҳи истеҳсоли ҳавопаймоҳо фармоиш диҳед ва сохтанаашро интизор шавед. Чунин амалҳоро шумо низ дар он ҳолат мекунед, агар бунёди ҳавопаймои шахсиро «аз сифр», бо дизайни беҳамто ва, эҳтимолан, бо таҷҳизотҳои инноватсионии техникӣ ба нақша гирифта бошед. Ин ҷараён тез набуда, то лаҳзае, ки ҷети нави шумо парвози санҷиширо иҷро мекунад, зиёда аз як сол сипарӣ мегардад.

 

Ҳар кадом аз тариқаҳои мазкур амалӣ гардониданро ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) кӯмак мерасонад. Дар ҳар як давра мо мутахассисони марбутаи таҷрибадорро пешниҳод мекунем, то ки ба шумо маслиҳати муфидро диҳанд ва оҳиста ба қадами навбатӣ бурда расонанд.

 

Харид ва нигаҳдории ҳавопаймо

Дар бисёр вақтҳо мизоҷон бештар медонанд, ки бунёди киштии ҳавопаймои навро интизор нашуда, ҳавопаймои истифодашударо бихаранд. AVIAV TM (Cofrance SARL) барои шумо интихоби калони ҳавопаймоҳои навъи заруриро пешниҳод мекунад ва ба шумо танҳо зарур мешавад, ки тариқаи оптималиро дарёфт намоед, дар ин ҷода мутахассисони авиатсионии мо кӯмак мерасонанд.

 

Эҳтимолан, ҳавопаймои интихобнамудаи шумо дар лаҳзаи харид дар Ӯзбекистон қарор намедорад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ба шумо сафарро ба мамлакати зарурӣ ташкил мекунад, раводид ва суғуртаи тиббиро тартиб медиҳад, меҳмонҳонаро брон мекунад ва, муҳимаш, дар бораи азназаргузаронӣ ва парвози санҷишӣ созиш мебандад.

 

Тариқаи оптималӣ ба шумо дар он ҳолат ба миён меояд, агар ба лаҳзаи ҳозиршавиатон киштии ҳавопаймоӣ аллакай ҳамаи санҷишҳои техникиро мегузарад, ки ҷиҳати ин, бо розигии шумо, мутахассиси AVIAV TM (Cofrance SARL) низ корбарӣ мекунад. Дар он вақт шумо метавонед на танҳо бо китоби канорӣ ва таърихи парвозҳо шинос шавед, балки аз он дилпур гардед, ки ҳавопаймо дар ҳолати хуб қарор дорад. Экспертҳо барои шумо ҷилди алоҳидаро тартиб медиҳанд, ки дар он ҳамаи хусусиятҳои ҷети мазкур тасвир дода, доир ба истифодабарии минбаъда ва беҳтаргардонии он дастурҳо оварда мешаванд.

Читайте также:  {:ru}Дополнительные услуги по заказу частных самолетов в Узбекистане{:}{:uz}Ўзбекистонда хусусий самолётга буюртма беришда қўшимча хизматлар{:}

 

Агар ҳавопайморо аз назар гузаронида ва бо нишондиҳандаҳои техникии он шинос шуда, шумо хариданаашро хулоса кунед, пас амалӣ гардонидани созишро ҳуқуқшиносони AVIAV TM (Cofrance SARL) ба ӯҳда мегиранд. Шумо бояд шартномаро бандед, масъалаҳои молиявиро ҳалу фасл намоед, киштии ҳавопаймоиро зери парчами нав ба қайд гиред, экипажро киро кунед, киштиро ба мамлакати қарордории доими гузаронед, истгоҳро дарёфт кунед ва бисёри дигареро  иҷро намоед.

 

Иҷроиши ҳамаи ин вазифаҳоро мутахассисони мо ба ӯҳда мегиранд, албатта, ҳамаи нюансҳоро пешакӣ бо шумо мувофиқат мекунанд. Мо созишро бо таври «аз ибтидо то интиҳо» ба амал мерасонем, то ки шумо аз ягон ҷиз хавотир нашуда, парвозҳои дар пеш истодаро оромона нақшагузорӣ кунед. Коршиносони AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷиҳати хизматрасонӣ ва нигаҳдории ҳавопаймо ва ҳатто ба иҷора супоридани он, агар чунин ба нақшаи шумо даромада бошад, корбарӣ менамоянд. Мо ягон нюансро аз хотир фаромӯш нахоҳем кард ва ҷараёни харид ба шумо танҳо эҳсосҳои мусбиро меоварад.

 

Агар шумо хоҳиш кунед, ки бо таври муфассал дар бораи хариди ҳавопаймо хабар дошта бошед, метавонед ба менеҷери мо барои маслиҳати ройгон муроҷиат кунед ё ба офиси мо дар Тошканд ҳозир шавед. Мо бо хурсандӣ бо шумо шахсан шинос мешавем ва дар бораи ҳамаи нюансҳои проседураи харид нақл мекунем. AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳар кадом вазифаеро, ки бо авиатсияи тиҷоратӣ дар Ӯзбекистон ва тамоми ҷаҳон вобаста мебошад, халу фасл менамояд.

Александр Санин